Тифлро аз кӯдакӣ омӯз адаб,
В-аз камоли тарбият одам шавад.
ВОКУНИШ. Ҳар як инсон дар зиндагӣ вазифадор аст, ки фарзандони худро дар оянда номбардору сарбаланд ба воя расонида, онҳоро обрӯву ифтихори волидон гардонад. Дар навбати худ фарзанд уҳдадор аст, ки аз бадон канораҷӯӣ намояд ва бо бузургону соҳибхирадон дӯстӣ намояд. Ба амалҳои бад даст назада, мулоҳизакорона рафтор кунад. Албатта, ҳамаи волидон ҳамеша мекӯшанд, ки фарзандони онҳо поктинату боиффат ба воя расанд. Мутаассифона, фарзандоне ёфт мешаванд, ки на ҳамеша обрӯю ифтихори волидон мегарданд. Ин гуна фарзандон бо вуҷуди ҳама гуна тарбияи буб, муҳити солим ва волидони бузургашон бад ба воя мерасанд ва боиси афсурдагии волидони хеш мегарданд. Бехабар аз он ки рӯзе ин амалҳои зишташон садди роҳи онҳоро мегирад. Ҳар як амали зиштро барвақт ҳангоми пайдо гаштан аз худ дур кардан лозим аст. Пеш аз ҳама, аз бадон худро бояд канора гирифт, набояд бо онҳо нишастухез кард, зеро ки гуфтаанд:
Бо бадон манишин, ки суҳбати бад,
Гарчи покӣ, туро палид кунад.
Бисёр мебояд аз гуфтаҳои бузургони хирад мутолиа кард, омӯхт, зеро ақли солим ҳамеша аз ин гуна панду андарзҳо руҳи тоза мегирад, ба ҳаёти солим равона месозад, соҳибобрӯ мегардонад.
Фарзанде, ки дар руҳияи озодандешиву поктинатӣ тарбия ёфтааст, бевосита сазовори хислатҳои хубу ҳаёти осоишта мегардад ва обрӯю эътибори муҳиту волидони хеш мешавад.
Аммо фарзандони бад акси ҳолатҳои дар боло зикршударо аз сар гузаронида, боиси паст гардидани обрӯву эътибори худ дар назди наздикону ҷомеа мегарданд. Дар ин ҷо, пеш аз ҳама эътибори падару модар низ паст мегардад. Волидон на бо чунин умед фарзандро парвардаанд, ки онҳоро доғдор гардонанд. Фарзандони бад аз бемаърифатию нодонӣ ва нодориву ранҷурӣ даст ба ҳама гуна амалҳои зишт, аз қабили дуздию роҳзанӣ, мардумфиребию авбошӣ ва монанди инҳо зада, ҳам номи худ ва ҳам номи ҳар як аъзои оиларо дар байни ҷомеа доғдор намуда, сабаби сар задани моҷароҳову нофаҳмиҳо мегарданд.
Чун шахси солиму дурандеш ва боақлу заковат ҳамеша дасти дуо бояд бардошт, то ҳамаи фарзандон хубу боодоб ва ифтихори волидон ба воя расанд ва ба оилаи худ ва ҷомеа нафърасон бошанд.
Умедаи Акрамзода, сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон