ШАҲРИТУС. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус дар Идораи шуғли аҳолӣ бо иштироки раис ва кормандони идораи мазкур соати сиёсӣ доир гардид.
Дар суҳбат намояндагони ҳизбӣ вобаста ба иҷрои тадбирҳои амалӣ оид ба коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти мамлакат, вусъати кишту кори тирамоҳӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 бо мақсади дастгирии моддиву маънавӣ ва ҳавасманд намудани ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва сокинони ҷамоат бо корҳои хонагӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, созандагию ободкорӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тавсеа бахшидани анъанаҳои миллӣ андешаронӣ карда, ҷамъомадагонро ба амалҳои созанда раҳнамоӣ карданд.