БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲАИ ЯККАЧИНОР

ЛЕВАКАНТ. Гурӯҳи кории таблиғотӣ бо роҳбарии раиси шаҳр Давлатзода Зарина Дилмурод, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри  Левакант Олимзода Низора, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Султонов Ҳикматулло, собиқадори ҳизб Бердӣ Валиев, мудирони бахши маориф, бахши кор бо занон ва оила, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Комиссарияти ҳарбӣ, намояндагони ҷамоати деҳоти Гулистон ва дигар фаъолони шаҳр бо сокинони деҳаи Якачинори ҷамоати деҳоти Гулистон дар МТМУ №8 вохӯрӣ доир намуданд.

Гурӯҳи корӣ мувофиқи нақша дар масъалаҳои доғи рӯз,  пешгирии ҳолатҳои таълимоти ғайриқонунии динӣ, риояи Қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", Дар бораи "Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025", "Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила", солимии репродуктивӣ, аз иммунизатсияи ҳатмӣ гузаштан, тоза нигоҳ доштани ҷойи зист ва маҳал, пешгирии омилҳои номатлуб, аз қабили никоҳи хешутаборӣ, нашъамандӣ, ҷинояткорӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, хурофотпарастию ифротгароӣ, таҳсили ғайриқонунии ҷавонону наврасон дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонону наврасон ибрози назар карданд.

Давлатзода Зарина махсусан ба сокинон таъкид намуданд, ки дар тарбияи ҷавонон бетараф набуда, онҳоро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ба воя расонанд. Ҳамзамон Комиссари ҳарбии шаҳри Левакант майор Махсумов Б. доир ба талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва Қарори ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июли соли 2021, №299 «Дар бораи тартиби адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайъати захираҳои даъвати сафарбарӣ» ибрози назар намуда, аз падару модарон даъват ба амал овард, ки фарзандони худро барои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон омода созанд ва барои хизматашон монеа эъҷод накунанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg