БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕЛЕФОНИ МОБИЛӢ АНИСИ НАВРАСОНУ ҶАВОНОН ГАРДИДААСТ

АНДЕША. Гуфтан зарур аст, ки асри ХХI асри технологияи муосир дар ҳаёти таърихи инсоният ба шумор меравад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд гардидани савияи дониши хонандагон, аз ҷумла наврасону ҷавонон баҳри аз худ кардани технологияи муосир ҷаҳду талошҳои зеёде намуда,  дар паёми навбатии худ солҳои 2021-2040-ро -солҳои фанҳои риёзӣ ва илмҳои дақиқ ба мардуми кишвар эълон намуд.  Пас моро зарур аст, ки фарҳанги истифодабарии телефонҳои мобилӣ ва интернтетро дуруст ба роҳ монда, баҳри инкишофу васеъ намудани ҷаҳонбинии худ ва мукаммал гардидани  савияи дониши фарзандони худ аз имкониятҳои мавҷуда баҳравар гардем. Тибқи гуфтаҳои профессори Шветсариёгӣ, ҷарроҳи майнаи сар - Лэйф Сэлфорд  мавҷҳои радиоӣ-шуоафканиро хатари бузург барои майнаи сари инсон медонад.

Бо пайдо шудани аввалин телефонҳои мобилӣ олимон тадқиқоти худро шурӯъ намуда, фаҳмидан хостанд, ки он ба организми инсон чӣ қадар зарар мерасонад. То ҳол байни олимони ҷаҳон тадқиқот дар ин мавзӯъ идома дорад. Маълум гардид, ки аз ҳад зиёд истифода бурдани телефони мобилӣ ба организми инсон зиён мерасонад.

Тавре мушоҳида мегардад, коргарон, донишҷӯён, мактаббачагон ва ҳатто пиронсолону кӯдакон имрӯз аз телефони мобилӣ васеъ истифода бурда, баъзеҳо бо худ ду ва зиёда телефони ҳамроҳ доранд. Телефонҳои муосир вазифаи МР3-плеер, компютер, дастгоҳи аккосӣ, камераи сабт ва ғайраро иҷро намуда, мушкилоти одамонро осон мегардонанд, вале мардум оид ба он ки телефон ба саломатии онҳо зарар дорад, камтар фикр мекунанд.

Албатта, дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва ё таҳсилотҳои олӣ истифодаи телефони мобилӣ дар вақти дарс маън гардидааст вале мутаассифона қисми зиёде аз хонандагон дар кӯчаву роҳравҳо, дар деҳотҳо бошад ҳангоми корҳои саҳроӣ бе танаффус тариқи телефони мобилӣ аз сомонаҳои иҷтимоии интернет васеъ истифода мебаранд. Боварӣ дорам аксари волидайн аз ин огоҳанд, ки фарзандонашон аз меъёр зиёд истифода менамоян. Маълум аст, ки ширкатҳои мобилӣ ва нуқтаҳои фурӯши симкорт ба кудакони сини то 16 сола симкорт намефурӯшанд. Аммо ҳастанд падару модаре, ки худашон ба номи худ симкорт ва телефони дрои имкониятҳои васеъро харидорӣ намуда тақдим мекунанд. Амо фикр намекунанд, ки фарзандашро чи хел ба коми ин вабо мепартояд.

Баҳсҳо дар бораи зарари телефони мобилӣ ба саломатии инсон низ зиёд ҳастанд. Баъзе мутахассисон бар онанд, ки телефони мобилӣ афканишоти электромагнитӣ паҳн мекунаду худ ба тани одам наздик ҷойгир карда мешавад, хатари расидани зарари ин афканишот ба саломатии инсон ҳангоми истифодабарии дуру дарози он аст. Бино ба тадқиқоти як нафар мутахассиси соҳаи магнитобиология Роҷер Когхилл ҳангоми суҳбати беш аз 25 дақиқа тариқи телефони мобилӣ дар як рӯз инсон ба дарди сар гирифтор шуда, эҳсоси хастагӣ ва камҳаракатӣ мекунад. Дар чунин маврид шумораи унсурҳои сафеда дар таркиби хун кам мешавад. Ҳамчунин афканишоти гармии телефон майнаи сарро тасфонида, дар натиҷа шахс сардард ва дилаш беҳузур мешавад. Аммо гурӯҳи дигари олимон исрор меварзанд, ки зарари он ҳангоми истифодаи дуруст бо риояи усули истифодабарӣ коҳиш меёбад. Андешаҳои зиёде вуҷуд доранд, ки баъди таъсири афканишоти телефони мобилӣ дар мағзи сари инсон ҳодисаҳое рух медиҳанд. Андешаи аз ҳама муҳим бар асари истифодаи тӯлонии телефони мобилӣ имкони ба вуҷуд омадани касалиҳои саратонӣ мебошад. Онро олимон дар натиҷаи таҷрибаҳои бешумори бо ҳайвонот ва одамон гузаронидаашон пешниҳод намудаанд. Масалан, Уилям Стюарт – олими шотландӣ дар кирмҳои боронӣ таҷриба гузаронд. Нурафканиҳои телефони мобилӣ сохтори сафедаи кирмҳоро иваз намуд. “Бофтаҳои зинда чун пораи гӯшт дар печи хурдмавҷ бирён мешаванд” — тасдиқ мекунад Стюарт.

Чунин таҷрибаҳо дар Русия низ гузаронда шуданд. Қурбоққаҳои оддиро дар майдони электромагнитии басомадаш баланд муддати 10-15 дақиқа санҷиданд. Ҳангоми шуоъзании ҳатто хеле паст дили ҳар як қурбоққаи дуюм аз кор монд.

Тобистони соли 2003 олимони шведӣ ҳангоми таҷриба бо калламушҳо изҳор доштанд, ки шуоъҳои мобилӣ дар мағзи сари калламушҳо паёмадҳои ногувор овард. Ҳайвонҳо муддати ду соат зери шуои телефонҳои мобилӣ қарор гирифтанд. Баъд аз 50 рӯзи ин таҷриба олимон мағзи сари онҳоро бо ёрии заррабин тадқиқ намуда, харобшавии рагҳо ва манбаи нейронҳои хушкшударо пайдо намуданд. Чӣ қадаре ки радиатсияи мобилӣ сахттар бошад, ҳамон қадар зарари расида зиёдтар буд. Хулосаҳои олимон хеле рӯҳафтодакунанда буданд: “Аз эҳтимол дур нест, ки ба мағзи сари одам низ телефонҳои мобилӣ айнан чунин таъсири манфӣ мерасонанд, чунки сохтори он ба мағзи сари калламуш монанд аст”. Телефони мобилӣ на танҳо ба сар, балки ба тамоми узвҳои бадан таъсир мерасонад. Ҳангоми танаффуси байни гуфтугӯҳо бисёре аз мо онро дар ҷайб, баъзан дар наздамон гузошта мехобем. Яъне сарчашмаи зиёди афканишоти электромагнитиро бевосита дар назди худ нигоҳ дошта, организмамонро ба сарбории гароне гирифтор мекунем, ки он боиси сустшавии на фақат системаи марказии асаб, балки пастшавии муқовиматпазирии организм ба ангезандаҳои берунӣ, бактерия ва вирусҳои касалиовар мегардад.

Соли 2005 дар шаҳраки Шерман-Оакси иёлати Калифорния писарбачаи 10-сола ҳангоми дар ҷайбаш таркидани телефони мобилӣ қариб сӯхта нобуд мегашт. Барои ҳамин тавсия мешавад, ки истифодаи телефони мобилӣ барои кӯдакони то 16-сола маҳдуд карда шавад. Вале бо сабаби он ки ташаккули мағзи сар якчанд сол идома меёбад, баъди 16-солагӣ низ худдорӣ аз истифодаи телефони мобилӣ ба муҳлати бештар мувофиқи мақсад аст.

Имрӯз истифодабарии телефонҳои мобилӣ дар оила як кори оддӣ ба ҳисоб рафта, байни кӯдакону занони ҳомиладор низ муошират тавассути он аҳён ба назар мерасад. Мутаассифона қисме аз оилаҳо аз зарари истифодаи телефонҳои мобилӣ бехабар буда, қисми дигар агар огаҳӣ дошта бошанд ҳам, одат карда, тез тез бемаврид онро истифода мебаранд.  Инчунин барои занони ҳомиладор аз ҳар ҷиҳат истифодаи телефон зараровар буда, кӯдаки батнашон аз таъсири зиёди радиатсия метавонад ба нуқсонҳои ҷисмонӣ мубтало шуда, ба камҳаракатии зани ҳомиладор ҳангоми тавлиди нобарори кӯдак оварда расонад.

Ҳимояи кӯдакон аз ҳар гуна техникаву технологияи зараровар масъулияти ҳар як фарди ҷомеа аст. Мутаассифона аксари волидон дар бораи зарари телефонҳои мобилӣ маълумоти кам доранд. Ҳангоми дар бадани кӯдак пайдо шудани ҳассосият, дарунравӣ ва ё дигар бемориҳо пай намебаранд, ки сабаби он чист? Агар насли калонсол бо телефони мобилӣ дар синни балоғат шинос шуда бошад, айни замон истифодабарандаи телефони мобилӣ кӯдакон мебошанд ва ҷойи тааҷҷуб нест, ки падару модарон бо майли том ба онҳо телефони мобилӣ мехаранд, то мунтазам воқиф бошанд, ки фарзандонашон дар куҷоянд ва ба чӣ кор машғуланд. Огаҳӣ аз вазъи фарзандон хуб аст, вале организми обутобнаёфтаи кӯдак нисбат ба одами калонсол зарари бештар мебинад. Азбаски телефонҳои муосир аз ҳад зиёд ба компютер шабоҳат доранд, аниси кӯдакон гаштаанд. Аз ин рӯ, ба ҳеҷ ваҷҳ организми кӯдакро бо телефон мутобиқ сохтан мумкин нест, ки аз таъсири он рӯҳияи равонию ҷисмонии кӯдак зарар мебинад.

Дар охир аз тамоми падару модарон хоҳиш менамоям, ки фарзандони худро дар истифодаи телефони мобилӣ ва интернет назорат баред, зеро дар шабакаҳои интернетӣ маълумот ва расму наворҳои тамоми фисқу фасод, фаҳш (порнография), ҷиҳатҳои экстремистӣ умуман роҳҳо ва усулҳои  вайрон намудани ахлоқи ҳамидаи инсонӣ вуҷуд дорад, ки дилхоҳ истифодабарандаи қавииродаро ба вартаи ҷаҳолату бесаводӣ мебарад.

Абубакр Ҷалолов, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg