БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШАҲОМАТИ КӮҲРО ФАҲМИДАН ХОҲӢ, БА ОН НАЗДИК БИШАВ

АНДЕША. Арастуи бузург мегӯяд, ки «Чизҳои маълум ба каме аз одамон маълуманд». Дар ҳақикат мегӯянд, ки агар шаҳомати кӯҳро фаҳмидан бихоҳӣ, ба он наздик бишав. Хоксории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳама маълум аст. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарзанди халқи хеш аст ва робитааш бо сарзамини аҷдодӣ халалнопазир, боғами мамлакат ва мардуми худ мезиҳад ва бо фаъолияти бисёрҷабҳа имрӯзу ояндаи онро муайян мекунад. Сифатҳои беҳтарини халқи тоҷик дар шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷассум ёфтааст. Ӯ ватандӯстаст, далериву ҷасурӣ дорад…

Месазад, ки дар ин ҷода мо соҳибватанон барои худ пеш аз ҳама аз дарсҳои худшиносии миллӣ ва ватанпарастии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  сабақи дастуру ҳикмат бигирем. Дар ёд дошта бошем, ки Пешвои миллат бо ҷаҳду талошҳои ватанпарастонаашон  Тоҷикистонро имрӯз ба сангари ягонаи донишу фарҳанги ҳама порсоён ва тоҷикони ҷаҳон, ҷилвагоҳи воқеии  фарҳанги ростини порсии тоҷикӣ табдил доданд.   Аз оғози эҳёи Тоҷикистони навин, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон манбаи илҳоми ҷомеа ва қутбнома, асосгузор ва илҳомбахши ғояи ваҳдати миллӣ, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоxикистон, Раиси Анҷумани тоҷикон ва ҳамзабонони бурунмарзии мо буда, аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамчун Пешвои асри 21 ва яке аз 500 мусулмони беҳтарини дунё пазируфта шудаанд, ки боиси ифтихору сарфарозии мост.

Воқеияти кунунӣ инаст, ки биёед ба бетарифӣ хотима гузошта, бар зидди хурофоту таассуб ва xаҳолату мазҳамбозӣ фаъолият нишон диҳем, то тавонем ин сулҳу Ваҳдат ва ин Истиқлолияти комили давлатиро мисли як гавҳараки чашм нигоҳ дорем.

Раҳмонова Маҳбуба, мудири бахши омори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg