КӮШОНИЁН. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10 ноҳияи Кӯшониён бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо хатмкунандагони муассисаи мазкур мулоқот доир шуд.
Дар мулоқот масъулин перомуни самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суханронӣ намуда, ҳадафҳои ҲХДТ, ки ба таъмини зиндагии шоистаи мардум роҳандозӣ шудааст, шарҳ доданд.
Баромадкунандагон оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, ки дар меҳвари фаъолияти ҲХДТ қарор дорад, таъкид намуданд, ки ҷавонон нерӯи пешбари ҷомеа буда, дар раванди бадалшавии идеологияҳо зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва дар мубориза бо зуҳуроти номатлуб фаъол бошанд.
Инчунин, доир ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва доир ба масъалаҳои даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ибрози назар карда шуд.