Навои булбул омад, ёд кардам аллаҳоятро,
Сари гаҳвора зери лаб суруди хушнавоятро.
Ман охир ёд кардам, ёд кардам модари ҷонам,
Адоятро, навоятро ҳама меҳру вафоятро…
АНДЕША. Оҳ модарҷон, ҳамеша бароямон азизу меҳрубон ва ғамгусору қадрдон будӣ. Оҳ Модарҷон, бо буданат хонаат пурнур буд. Оҳ модар ба мисли офтоб гарму равшан будӣ, болои сарамон соябонӣ мекардӣ. Ҷон Модар болу пару қуввату даромонбахши мо будӣ. Он ранҷу азобат, он заҳмату меҳнат ва он мушкилиҳое, ки дар зиндагӣ аз сар гузарондӣ пеши чашмонам намоён мегарданд, дилҳо пур аз ғам мешаванд, ки барои мо чунин рӯзҳои сахтро бо умри ширинат иваз кардӣ.
Модар, ту азизи дили мо будӣ, ту аз ҳама шахси наздиктарину ноёбтарини фарзандонат будӣ, ту зиндагиву орзуҳоямро ширин мекардӣ, ай модари ғамхори ман. Модар, номи некатро бо хати зарҳал навишта, дар қалби худ ҷой кардам,то ин ки дар танҳоӣ бо ту рози дил бигӯям ай модари фариштаам,аз нигоҳу чашмони меҳрборат умед мерехт, хасу хок заррае буттаву санг, гулу гиёҳ, боду борон, кӯҳҳои сангину дарёи равон дар ҳастии ту буд эй модари ҷон. Хуршеди меҳри ту бузургтарин тармаи сардро об мекард ва дар ҷ а ҳ он му ҳ аббате бе ҳ тар аз му ҳ аббати модар ёфт намешавад.
Модар, зиндагӣ бо ту зебо буд, зиндагӣ ширин буду ба қимати ҷон баробар, зиндагӣ ба кас як бор эҳё мешавад, аммо мехостам тамоми умр ҳамроҳамон бошӣ лаҳзае бо фикру хаёл фурӯ рафта, чеҳраи зебоят пеши назарам намоён мегардад ва меҳрубониҳову хандаҳоят диламро таскин мебахшад.
Модариҷон чашму абрӯи туро пазмон шудам,
Аз дуриҳо шӯълаи рӯи туро пазмон шудам.
Хоб мекардам ба роҳат дар сари зонуи ту,
Дуру марҷон монда, зонуи туро пазмон шудам.
Қурбонгул Раҷабзода, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон