БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ ВАЗИФАДОР ГАРДИДАНД

ҲАМАДОНӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Даштигуло вохӯрии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Саидмуминзода Аббос бо фаъолон, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии деҳаю маҳаллаҳо, директорони муассисаҳои таълимии ҳудуди Ҷамоат баргузор гардид.

Зимни баромад Саидмуминзода Аббос дар бораи сиёсати хирадмандонаи  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шукргузорӣ аз давлату миллат, суханронӣ кард. Инчунин, мавсуф вобаста ба  таҳкими низоми ҳаракати ҳизб, қабул ба сафи ҳизб, тартиби боз доштани узвият дар ҳизб, ба расмиятдарории ҳуҷҷатгузорӣ, ороиши утоқи корӣ  ва вазифаҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ин самт бо ҷамъомадагон суҳбат намуд.

Раиси Ҷамоати деҳоти Даштигуло Исматов Ҳабибулло дар баромадаш қайд кард, ки дар дунёи пуртазоди муосир мо бояд боз ҳам дар атрофи давлату Ҳукумати Тоҷикистон муттаҳид гашта, давом додани корҳои созандагию бунёдкориро то моҳи декабри соли равон ба муносибати ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома диҳем.

Исматов Ҳабибулло Кумитаи иҷроияи ноҳияро бовар кунонид, ки фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҳудуди Ҷамоати деҳоти Даштигуло беҳтар гардида, онҳо нақшаи “Обуна – 2022”-ро дар рӯзҳои наздик  пурра иҷро хоҳанд кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg