ШАҲРИТУС. Масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус дар ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳоти «Обшорон» бо иштироки раис ва кормандони ташкилоти ибтидоӣ, раисони деҳаҳо, сарварони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, мудирони бунгоҳҳои саломатӣ ва фаъолони ҳудуди ҷамоати деҳоти «Обшорон», соати сиёсӣ доир гардид.
Дар суҳбат намояндагони ҳизбӣ вобаста ба иҷрои тадбирҳои амалӣ оид ба коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти мамлакат, вусъати кишти тирамоҳӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 бо мақсади дастгирии моддиву маънавӣ ва ҳавасманд намудани ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, вусъат бахшидани корҳои созандагию ободкорӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, андешаронӣ карда, ҳозиринро ба амалҳои неку созанда раҳнамоӣ карданд.