БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАҲРИ ПОЙДОРИИ СУЛҲУ СУБОТ ҲАМА ЯКҶОЯ СИДҚАН ҶИДДУ ҶАҲД НАМОЕМ

ВОКУНИШ. Ҷаӽони муосир имрўзӽо бо суръати кайӽонӣ пеш меравад ва инсоният ба ӽалли масъалаӽои глобалӣ даст мезанад, то дар сайёраи замин зиндагии хубе дошта бошад. Вале ҷои нигаронӣ аст, ки ӽар қадар мо пеш меравем ва ба комёбиӽо ноил мешавем бо ӽамон қадар масъалаҳои ӽалталаб пешорўи мо меистад. Яке ин масъалаӽое, ки мардуми сайёраро бо таӽлука андохтааст. Ин амалӽои ғайриинсонии гурӯуӽӽои радикалию ифротгаро ва террористӣ мебошад. Расонаӽои хабарии ҷаӽон имрӯза даҳӽо барномаӽоро аз амалӽои манфури онӽо пахш мекунанд.

Мо мардуми тоҷик шукронаи он дорем, ки зери роӽбари хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат дар як фаъзои орому осоишта зиндагӣ дорем. Аммо ин ӽамаи моро ором гузошта наметавонад, зеро намояндагони ин гурӯӽӽо   дар хориҷ аз кишвар ором наистода ба ӽар роӽу восита мехоӽанд, ки ҷавонони моро ба худ ҷалб намоянд. Ҷойи таасуф аст, ки аз бархе аз ҷавонони гумроҳ  фирефтаи таблиғоти дурӯғини ин гурӯӽӽо гаштаанд.  Бинобар маълумоти коршиносони соӽа шумораи ин ҷавонони фиребхӯрда сол то сол Ватан баргашта арзу пушаймонӣ мекунанд, ки аз рӯи нофаӽмӣ ва бо маънии аслии таблиғоти онӽо сарфӽам нарафта ба доми фиреб афтоданд. Ин барои наврасону ҷавонон дарси хубест, ки хештаншинос бошем, ба ӽаргуна таблиғоти бегонагон фирефта нашавем .

Ин гурӯӽӽо ба воситаи шабакаӽои иҷтимоӣ дини мубини исломро ба худ сипар намуда,  ҷавононро ба ҷиӽод даъват мекунанд, ки ин ба ҷуз дассисабозӣ чизе нест.  Беӽатарин амале Худованд барои бандагонаш фарз гардонидааст ин анҷом додани амали хуб дар ӽаққи бародари мусулмон аст, на силоӽ бардоштан. Дар ӽадисе  омадааст: «Агар миёни ду мусулмон моҷарое шуд, шамшерӽои чӯбин ба даст гиранд» мурод аз шамшерӽои чубин ин сулӽу салоӽ ва ба ӽамойӣ  мебошад.

 Хулоса, ҳамаи мо хуб медонем, ки дар давлати ба мо ҳамсоя Афғонистон чи ҳодисаҳо рух дода истодааст. Давлат ноорому мардум парешон. Аз ин хулоса намуда, мо аӽолии кишвари биҳиштосо, ки дар замони пурмоҷаро ва зудтағйирёбанда зиндагӣ дорем, шукронаи ин тинҷиву оромӣ, шукронаи Сарвари хирадманд  намуда, барои ӽифзу субот, сулӽу салоӽ ва Ваӽдати кишвар бо ӽам муттаӽид бошем ва барои пойдории ин сулҳу субот сидқан ҷидду ҷаҳд намоем.

Сафар Ҳафиза, раиси КИ ҲХДТ дар н. Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg