ВОКУНИШ. Дар замони муосир иттиллот ба яке аз аслиҳаҳои пуриқтидори таъсиррасонӣ ба мағзи инсон табдил ёфтааст. Имрӯз хоинону бадхоҳони миллат иттилоотро ба ҳайси фишангҳои ҳадафнок ба сиёсати дохилӣ истифода мебаранд. Имрӯз фаъолияти беисти трансмилӣ ба андозае тавсеа ёфтааст, ки ҳатто роҳбарони давлатҳои абарқудрат пешору хаттаро эҳсос мекунанд. Ҷойи қайд аст, ки силоҳи аслии суботу оромӣ аслиҳа набуда, балки маънавиёти баланд мебошад. Ва мусаллам аст, ки баъзе аз вакилони муҳтарам ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ҳанӯз ҳам комилан дарк накардаанд, ки ҷанги иттилоотӣ чист! Бубинед, имрӯз дар хориҷ аз ҷониби аҳзобу ҳаракатҳои мамнуъ ба монанди ТЭТ ҳизби мамнуъгаштаи наҳзати бо ном исломӣ, бо маблағи баъзе кишварҳои манфиатдори хориҷӣ гурӯҳҳои радикалие созмон додаанд, ки аз тариқи интернет ҳамарӯза соатҳо бар зидди кишвари мо, зидди арзишҳои бунёдии миллати мо пайгирона ва ба таври густурда амал мекунанд. Дар ин роҳ мо дар ҳақиқат ба аъзои сарсупурда, нотарс, бохабар аз техникаву техналогия ниёз дорем, то ки ба тири андохтаи бадхоҳони миллат, се –чор нафар евро-мулочаҳо ҷавоби обдоре дода тавонанд.
Имрӯзҳо сафи шаҳрвандони мо низ дар пайвастшавӣ ба барномаҳои иғвоангезонаи Садои мардум, гурӯҳи 24, Ҷунбиши ислоҳоти Тоҷикистон, Минбари муҳоҷир, Паймони миллии Тоҷикистон, Ҳақ ва ботил ва даҳҳо чунин минбарҳои ифротгаро, ки ҳама сарсупурдагони ҳизби мамнуъгаштаи наҳзат мебошанд, пайваст шуда, ҳар гуна сафсатаҳо мегӯянд, ки барои инсони худшинос боиси нанг аст.
Танқид бояд аз таҳқир фарқ карда шавад. Барои фарқ кардани таҳқир аз танқид бояд созанда бошем. Барои созанда будан, хизмати халқро ба ҷо овардан, дар ҷомеа сазовори ҷойгоҳи махсус гардидан, кинаву ғурурро бояд як тараф гузошт. Барои амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи Пешвои муззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо қалб басандааст, пас қалбҳои зебое дошта бошед, то хизмати халқро ба ҷо оваред.
Абдуллозода Саёҳат, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон