АНДЕША. Растаниҳо яке аз организмҳои зиндаи ҳаёт ба ҳисоб рафта, дар олами беканор васеъ паҳн шудаанд. Онҳоро дар ҳама гӯшаю канори замин, дар дашту водиҳо, кӯҳҳои сарбафалаккашӣ, даштҳои беоб ва дар лаби кӯлу дарёҳо дидан мумкин аст.
Инсоният дар давраҳои аввали ҳаёт аз қадимулайём растаниҳоро парвариш карда омадааст. Дар рӯйи замин тақрибан 350 - 400 ҳазор намуди растаниҳо мавҷуданд. Дар Ватани офтобрӯяи мо Тоҷикистон низ намудҳои бешумор ва гуногуни растаниҳо месабзанд, ки миқдори зиёди онҳо хусусияти табобатӣ дошта, дар тиб мавриди истифодаи ҳамаҷониба қарор доранд. Аҳамияти растаниҳо дар табиат аз он иборат аст, ки онҳо ҳаворо аз гарду ғубор тоза мекунанд. Ба нафасгирии кас кӯмак мекунанд.
Растаниҳо гази заҳрнокро нафас гирифта, аз худ гази оксигенро ҳориҷ мекунанд. Пас то он даме, ки растаниҳо дар ҳаёт вуҷуд доранд, манбаи оксиген тамом намешавад.
Ҳаёти инсонро бе истифодаи растаниҳо тасаввур кардан душвор аст. Дастархони пурнозу неъмати мо аз ҳисоби маҳсулоти растаниҳо фаровон мебошад. Зеро асоси ҳӯроки инсонро маҳсулоти растанигӣ, аз қабили ғалладонагиҳо гандум ва шолӣ, сабзавотҳои картошка, карам, пиёз ва меваҳо ташкил медиҳад. Меваю сабзавот организми одамро бо моддаҳои ҳаётан муҳим-витаминҳо таъмин мекунанд. Бе витамин одаму ҳайвон зиндагӣ карда наметавонад. Манбаи асосии витаминҳо (сабзӣ, карам, себ, нахӯд ва лӯбиё) буда, барои ғизогирии инсон кӯмак мекунанд. Ғайр аз ин, растаниҳои райҳон, сипанд, пӯдина ва ин намуди растаниҳо вируси микробҳои ҳаворо несту нобуд мекунанд.
Орде, ки аз гандум тайёр мешавад, талаботи ҳаррӯзаи инсон ба ҳисоб меравад. Гулҳои гуногун, мисли садбарг, лола, бунафша ва дигар намуди гулҳо шаклҳои аҷоибу ҳайратангез дошта, ҳусну латофати кӯчаву ҳиёбонҳоро зебою дилработар карда, ба кас ҳаловат мебахшанд. Инчунин растаниҳо ба сифати масолеҳи бинокорӣ, сӯзишворӣ, ҳамчун ашёи хом дар саноати дорусозӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ васеъ истифода бурда мешаванд. Аз пахта ва зағир нахи хушсифат гирифта мешавад, ки барои дӯхтану тайёр кардани либос беҳад заруранд. Баъзе растаниҳо мисли пахта, зағир, офтобпараст, кунҷид ва бодом дар тухм ва меваашон миқдори зиёди равғанҳоро захира мекунанд.
Хулоса, растаниҳо дар ҳаёту фаъолияти мо инсонҳо аҳамияти муҳим ва хос доранд. Бинобар ин ҳар яки моро зарур аст, ки ин гуна мавҷудоти нодирро ҳифз карда, парвариш намоем.
Мирзоева Г, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ