БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ СУДМАНД БО ҶАВОНОН

ПАНҶ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар МТМУ №31 вохӯрии судман  бо ҷавонон, баргузор карда шуд.

Зимни суҳбат мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Ғафуров Сайдамир оид ба риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" доир ба дастгириҳои давлату ҳукумат аз пешниҳоду ташаббусҳои ҷавонон ёдрас шуда, даъват намуданд, сулҳу  оромӣ  имрӯз дар фазои кишвар ҳукмфармост, мо бояд аз пайи омӯзишу донишазхудкунӣ ва дар фикри пешрафту шукуфоии Ватани азизамон бошем. Инчунин, дар суҳбат қайд гардид, ки ҷалби ҷавонон ба корҳои ободонию созандагӣ, иштироки фаъолонаи онҳо дар чорабиниҳои фарҳангию ҷамъиятӣ ва ихтиёран хизмат намудан дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи ҳар яки мо мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg