АНДЕША. Яке аз ҷузъҳои муҳими ҷамъият оила аст. Ақди никоҳ, тарбияи фарзанд, ташкили оилаи мустақил кори оддӣ набуда, танҳо инсонҳое аз уҳдааш баромада метавонанд, ки моҳияти онро бо масъулияти том дарк мекунанд. Имрӯз занҳои тоҷик, эҷодкор, ташаббускор, дорои иродаи қавӣ буда, дар ташаккули муносибатҳои дохилиоилавӣ ва берун аз он фаъолият зоҳир менамоянд. Дар устуворӣ ва пешравии оилаҳо саҳми занону модарон басо бузург аст, аз ин рӯ худи модарон бояд соҳибмаърифату бофарҳанг ва дорои ҷаҳонбинии васеъ бошанд, то ки дар тарбияву камолоти маънавию ҷисмонӣ ва ба ҳаёти мустақилона омода кардани фарзандони хеш нақши муҳим бозанд. Якдигарфаҳмӣ, ёрии байниҳамдигарӣ, эътимоднокӣ, боварӣ доштан ба якдигар, пуртоқатӣ, сатҳу сифати иҷрои уҳдадориҳои оилавӣ, эҳтироми ҳамдигар хусусиятҳои хоси оилаанд.
Дар фарҳанги куҳанбунёди тоҷик оила ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро меҳру муҳаббат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ маҳз аз оила ташаккул меёбаду дар ин замина фарзанди солиму содиқ ба Ватан ба воя мерасад. Бояд қайд намуд, ки яке аз омилҳои муҳимми пешрафти ҷомеа ин тарбияи дурусти фарзанд ба шумор меравад. Зеро маҳз насли солим ободкунандаи давлату миллат дар оянда дониста мешавад. Пас, оилаи солим асоси хушбахтии хонадон, фарзандон ва макони тарбияи дурусти инсон мебошад.
Нисбат ба якдигар вафодор будан, якдигарфаҳмӣ, муҳаббати беназир ба зиндагӣ доштан, эҳтироми якдигарро ба ҷо овардан, нисбат ба хешу табор ҳалимона рафтор намудан ва ғайра аз ҷумлаи амалҳоест, ки бояд дар оила ҷой дошта бошад ва маҳз дар заминаи ин оилаи солим ташкил мешавад.
Хулоса, асоси пешрафти ҷамъият аз оила сар мешавад. Оиларо эҳтиёт бояд кард, то ки пароканда нашавад. Барои ин чӣ қадар кӯшишу заҳматҳо бояд кашид, зеро бунёди оилаи солим саҳлангорӣ ва барқасдкориро намеписандад. Ҳар як инсон бо умед оила бунёд мекунад, то ки аз ӯ насли солим монад. Зеро оилаи солим, фарзандони хубу ботарбия оромиши рӯҳу ҷону тан ва пешрафти Ватан аст.
Мирзоева Гулрухсор, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ