БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОҶИКИСТОН - МИЗБОНИ ҶАЛАСАҲОИ ОЛӢ

АНДЕША. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди муносибатҳои байнипарлумонию хориҷӣ заминаи мустаҳкам фароҳам овард. 16-17-уми сентябри соли 2021 дар Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки дар он меҳмонони олимақоми Тоҷикистон-Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ва дигар меҳмонон иштирок доштанд.

Ин чорабинӣ ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20-солагии таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай ва соли Раёсати Тоҷикистон дар СААД рост омад. Тоҷикистон ба ин рӯйдоди муҳими таърихӣ омодагии ҳаматарафа дида, мавзеъҳои ҷашниро бо ороиши басо оливу хоса бо гулу растаниҳои гуногун, даҳҳо намуди меваҳои тару тоза, таомҳои миллӣ, ҳунарҳои қадимаи мардумӣ бо меҳмоннавозии тоҷикона истиқбол намуд.

Дар ҷаласа, ки раисии онро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда доштанд, масоили густариши робитаҳои шарикию стратегӣ, мушкилоти минтақавию ҷаҳонӣ, рушду ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, саноат, кишоварзӣ, ҳарбӣ, энергетика ва фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Зимни мулоқотҳо бо сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, махсусан вазъи басо нигаронкунанда ва нооромии ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла вазъи ҷории низомиву сиёсии Афғонистон мивриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо буданд. Ҳамзамон, оид ба вазъи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон мубодилаи афкор сурат гирифта, ҷиҳати пешгирии хатарҳо, таҳкими ҳимояи сарҳад андешаронӣ карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳар чӣ зудтар баргузор гардидани сулҳу оромӣ дар кишвари ҳамсоя, дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанг Афғонистон мебошад.

Ҷаласаи мазкур дар сатҳи баланд баргузор гардида, меҳмонони олиқадр дар фазои гарму самимӣ пазироӣ карда шуданд.

Бояд қайд намуд, ки мо ифтихор дорем, ки дар чунин давлати орому осоишта, соҳибистиқлолу ваҳдатофар зиндагӣ дорем ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихори давлату миллати мо тоҷикистониён мебошанд.

Шомалангова Миҷгона, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён                         

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg