КӮШОНИЁН. Бо ташаббуси кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён чорабинии мақсаднок ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавируси навъи COVID-19 дар маркази ноҳия воқеъ дар Ҷамоати шаҳраки И. Сомонӣ гузаронида шуд.
Масъулин дар рафти чорабинӣ барои бештар маълумот доштани мардум маводҳои таблиғотӣ ва ниқобҳои муҳофизатӣ ба сокинон дастрас намуда, инчунин аз сокинон даъват ба амал оварданд, ки ҳангоми баромадан аз хона ҳатман аз ниқобҳои тиббӣ истифода кунанд.