ҚУБОДИЁН. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён, ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Қубодиён Ҳилолӣ Рудоба бо мақсади вусъат бахшидан ба нашрияҳои ҳизбӣ, бо кормандони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии Ҷавонӣ вохӯрӣ доир намуда, мавзуи меҳварии онро обуна ба нашрияҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Ҳамрози халқ» дар бар мегирифт.
Дар рафти вохӯрӣ қайд гардид, ки ин нашрияҳо бо мақсади ба саҳми аҳолӣ расонидани вазъи сиёсии ҷаҳон, шарҳу тавзеҳи қонуну қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти ҳамарӯзаи ҲХДТ, пешгирии ҳар гуна пайомаду амалҳои номатлуб ва пешгири аз таъсири фарҳангу тамаддуни бегона ба табъ мерасанд, ки дар пурра сохтани фазои иттилоотии мамлакат нақши муҳим мебозад.
Ҳозирин нақшаи обунаро ба нашрияҳои ҳизбӣ пурра тарафдорӣ намуда, изҳор доштанд, ки дар муҳлатҳои наздик иҷрои онро пурра таъмин хоҳанд кард.