БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОҶИКИСТОН ТАВОНИСТ...

АНДЕША. Ҳафтаи сипаришуда Тоҷикистон дар меҳвари бозтоби воситаҳои ахбори оммаи ҷаҳон қарор дошт. Зеро аз 15 то 17 сентябри соли 2021 –пойтахти тоҷикон – шаҳри Душанбе маркази баргузорИи саммити созмонҳои минтақавии Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва Созмони ҳамкориҳои Шанхай гардида буд. Дар ҷаласаҳои мазкур Президентҳо ва намояндагони як қатор давлатҳои ҷаҳон иштирок доштанд. Аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Эрон Иброҳим Раисӣ, сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон, Президенти Қазоқистон Қосим-Жормат Тоқаев, Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов, Сарвазири Арманистон Никола Пашинян ва ба таври маҷозӣ бошад Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ, Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷин Пин ва дигарон иштироку суханронӣ намуданд.

Баргузории ин ҳамоиши судманд якчанд махсусиятҳои худро доштанд. Аввал,  макони баргузории он тамоми меҳмононро ба ҳайрат гузошт – ин шоҳкории тоҷикон, нодиртарин ва беназиртарин Кох дар Осиёи Марказӣ- Кохи Наврӯз буд. Толорҳои боҳашамату барҳаво, шишабандишудаву кандакорӣ, наққошиву гаҷкорӣ ба ин ҷаласа махсусияти дигар зам намуд. Аз суханрониҳои меҳмонони олиқард ва гузоришу репортажҳои рӯзноманигорони воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ метавон инро ба хубӣ мушоҳида намуд. Дигар ин ки саммит СҲШ ин саммити 20-уми созмон буд. Басо расмзӣ буд, ки 20-уми саммити сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар Ватани мо дар соли 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо шуд. Ҳамзамон дар ин ҷаласа раванди ба узвият қабул намудани Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон шуруъ гардид.

Тамоми ин самммит ба масъалаи Афғонистон бахшида шуда буд. Иштирокчиёни саммити мазкур давлатҳои узв ва нозир, меҳмонони он доир ба қазияи Афғонистон, ки имрӯз дар ҷаҳон ба масъалаи рақами як мубаддал шудааст, гуфтушунид намуданд. Ин аз он шаҳодт медиҳад, ки давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ва Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ нисбат ба сарзамини Афғонистон ва халқиятҳои он бетараф нест. Расонидани кумакҳои башардӯстона таҳти сарпарстии СММ аз ҷумлаи даъватҳое буданд, ки дар ин саммит садо доданд. Аз ҷумла, Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ доир ба вазъи Афғонистон андешаронӣ карда, амалҳои гурӯҳи террористии Толибонро маҳкум намуда, онҳро хатар ба ҷаҳон ва махсусан ба минтақа унвон карданд. Аз ҷумла, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват намуданд, ки ҳарчи зудтар ба  марудми Афғонистон махсусан ба дараи Панҷшера аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ, хусусан Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх кумакҳои башардӯстона расонида шавад.

Баргузории саммити мазкур бори дигар  меҳмоннавозии тоҷикон ва махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба намоиш гузошт. Вақте баргузории ин саммитро тамошо мекунӣ  ифтихор аз Пешво ва Ватани тинҷу ором менамоӣ. Зеро, ки Тоҷикистон дар ин рӯз дар ҳақиқат ба маркази сулҳ табдил ёфта буд. Зеро мардуми ранҷкашидаи афғон ба Душанбе бо умед нигоҳ мекарданду ҳар хабареро аз ин ҷо интизор буданд.

Метавон хулоса намуд, Тоҷикистон, ки дар соли 2020-2021 роҳбарии Созмони аҳданомаи амнияти дастҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхайро ба душ дошт, онро бо баргузор намудани ин саммитҳо бо муваффақият ҷамъбаст карда, роҳбариро ба Арманистон ва Ӯзбекистон супорид.  Мо тавонистем, ки бо баргузории як саммит бори дигар меҳмоннавозии тоҷикона, ҳунарҳои мардумӣ, ҳунару маҳорат, фарҳангу маданияти воло, сулҳдӯстиву ваҳдатсароӣ, дастовардҳои 30-соли Истиқлолият, зебогӣ, дилрабоӣ ва шефтагиҳои Ватани азизамон- Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.

Толибзода Толиб, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg