ХУРОСОН. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар Литсейи №1-и ноҳия баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъулин оид ба дастовардҳои беназире, ки дар 30-соли сипаригардида халқи тоҷик ба даст овардаанд, андешаронӣ намуда, бо хонандагон барои саҳм гузоштан дар ободиву зебогии диёр, саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ, баланд бардоштани савияи дониш суханронӣ намуданд.