БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ТАРҒИБОТӢ ДАР МАҲАЛ

ФАРХОР. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Фархор корҳои фаҳмонидадиҳиро оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус, самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ, истифодаи мақсадноки нерӯи барқ  бо усули «хона ба хона» ба роҳ монданд.

Зимни гардиш ба сокинон варақа – таъкидҳо ва ниқобҳои муҳофизатӣ дастрас намуда, тавсияҳои масъулини соҳаи тандурустиро оид ба  масъалаҳои болозикр шарҳ доданд.

Инчунин, дар суҳбат иброз доштанд, ки Пешвои миллат дар Паёмашон таъкид карданд, ки соли 2021 бениҳоят соли вазнин мешавад. Аз ин лоҳиз аз аҳолӣ хоҳиш карда шуд, ки заминҳои наздиҳавлигиашонро самаранок истифода баранд  ва маводи ғизоиро дар фасли зимистон ба таври кофӣ захира намоянд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg