ФАРХОР. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ба мақсади баргузории корҳои тарғиботӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавируси COVID-19, истифодабарии мақсадноки нерӯи барқ ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ дар доираи Аксияи ҳизбӣ бо усули «хона ба хона» дар ҳудуди маҳаллаҳои ноҳия гардиш доир намуданд.
Кормандони ҳизбӣ дар ин рӯз бо қисми зиёде аз сардорони оилаҳо суҳбат намуда, ба онҳо маводҳои таблиғотӣ оид ба масъалаҳои болозикр ва ниқобҳои муҳофизатиро дастрас карданд.