БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САРФАКОРӢ ОЯНДАИ МОРО ДУРАХШОН МЕНАМОЯД

АНДЕША. Дар тамоми замон донишмандону бузургон қайд кардаанд, ки сарфакориву сариштакорӣ ҳар як нафарро ба қуллаҳои мақсуд расонида, буҷаи оилавиашро зиёд менамояд. Мо дар дилхоҳ кор агар сариштакорона муносибат намоем баракат аз он бештар хоҳем гирифт. Аз ин лиҳоз бузургон аз замонҳои қадим то ҳоло таъкид менамоянд, ки ҳар як нафар дар сайёра бояд дар истифодаи ҳамаи ашё, маводи рӯзғор ва сарватҳои табиӣ сарфакориро пеша намояд.  Дар бобати сарфа кардан ва даромади оилавӣ Саъдии Шерозӣ қайд намудааст, ки:

Ба он марди кадхудо зор бояд гирист,

Ки дахлаш бувад нуздаҳу харҷаш бист.

Дар мисраҳои дигар низ таъкид менамояд, ки:

Ба дахлу харҷи худ ҳар дам назар кун,

Чу дахлат нест, харҷ оҳистатар кун.

Яъне, бузургони миллати мо аз замони худ таъкид бар он доштанд, ки инсоният дар зиндагии хеш сарфакориро пеша намояду аз меъёр зиёд ба худ нагирад. Мо агар чи қадаре, ки харҷро бештар намоем ояндабин набошем пас дар солҳои ояндаи умри хеш азият хоҳем кашид. Агар мо дар зиндагӣ ҳатто оддитарин амал, яъне ҳезумро низ сарфакорона истифода барем он дар рӯзе сабаб мешавад, ки ба мо манфиати бештаре мебахшад. Тамоми амали мо вобаста ба сарфакорӣ натиҷаи мусбӣ ба бор меорад.

Мо дар баробари сарфакор буданамон бояд аҳли оилаи худро низ омӯзонем, ки дар ин бобат сарфакору камхарҷ бошанд. Зеро дар чунин сурат даромади хонавода дар муддати кӯтоҳ ба ҷойи лозимӣ расида мо мушкилотҳои худро  ҳал менамоем.

Сафаралӣ Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg