ПАНҶ. Тибқи нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии “Наврӯз” аксия зҳизбӣ таҳти унвони "Худ ва дигаронро аз вируси covid-19 ҳифз менамоем" баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории ин аксия пешгирии паҳншавии вируси covid-19 мебошад. Ба иштирокчиёни аксия таъкид карда шуд, ки дар кӯча ва хона қоидаҳои беҳдоштиро риоя намуда, худ ва дигаронро аз ҳама намуди бемории сироятӣ эъмин нигоҳ доранд.