АНДЕША. Нақши оилаи устувор ҳамчун ҷузъи асосии ҷамъият дар тарбияи фарзанд басо муҳим мебошад. Падару модар, ки сутуни хонавода ва ё оиларо ташкил медиҳад, бояд ба таълим ва тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд. Як нуктаро ба инобат гирифтан лозим аст, ки фарзанди солеҳ ва бомаърифат давоми умри падару модар мебошад ва ба ин хотир, барои таълиму тарбияи онҳо ҳеҷ чизро набояд дареғ дошт.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи кӯдакону наврасон ва ҷавононро дар рӯҳияи арзишҳои суннатию башарӣ яке аз вазифаҳои муҳими имрӯзу ояндаи давлат ва ҷомеа донистаанд. Тарбияи ҷавонон аз муҳит ва шароити ҷамъият вобастагии зич дорад. Агар муҳит созанда бошад, ҷавон солимфикр ба воя мерасад, агар ҷавон дар муҳити сӯзанда ба воя расад, пас аз ӯ умеди созандагӣ намудан душвор аст.
Таълиму тарбияи фарзанд тайи чанд соли охир яке аз масоили муҳим ва доғи рӯз гардида буд. Чунин мушкилотро ба назар гирифта, 2 августи соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" қабул гардид.
Мақсад аз қабули қонуни мазкур беаҳаммият набудани падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон буд. Падару модарро мебояд, ки масъулиятшиносона аз пайи сабақандӯзии фарзандон бошанд, ҳаргиз роҳ надиҳанд, ки онҳо бар хилофи қонун рафтор намоянд. Ҳар як падару модар бояд ба риояи тозагӣ, муносибат бо атрофиён ва маданияти шаҳрвандии наврасон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, мунтазам аз ҳоли таълим ва интизоми фарзандонашон хабар гиранд.
Воқеаҳои замони муосир бори дигар исботи он аст, ки сари вақт таълиму тарбияи дуруст надодан ба фарзандон, инкишоф надодани тафаккур ва ҷаҳонбинии онҳо оқибати ногуворро ба бор меоварад. Дар натиҷаи бемасъулиятиву беназоратии падару модар фарзандон тарбияи нодуруст гирифта, ҳамчун ашхоси бадкирдору зараррасони ҷомеа ба воя мерасанд. Барҳақ аст, ки бидуни таълиму тарбия, тартиботи ҷомеаро наметавон пойдору устувор кард ва ба ояндаи дурахшони давлату миллат боэътимоду умед баст.
Мирзоева Гулрухсор, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ