БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Занонро гар зи дониш зеваре ҳаст...

Ш.ШОҲИН. Дар деҳаи Дараи Эмоми  ҷамоати деҳоти Доғистон кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар байни занону духтарон суҳбату вохӯрии судманд доир карданд. Мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия  Сунатуллоева Мавзуна дар назди иштирокдорон суханронӣ намуда, бо занону духтарон оид ба  пешгирӣ аз тақлидкорӣ, тарзи либоспӯшӣ, тарзи дурусти истифодаи шабакаҳои  иҷтимоӣ, пешгирии ҷавонон аз  шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ,  тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятии ВИЧ/СПИД, Гепотит, Сил,  пешгирӣ аз никоҳи хешутаборӣ, омода намудани ҷавонон ба зиндагонии мустақилона,  рушди ҳунарҳои мардумӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар хона аз ин ҳисоб паст кардани сатҳи камбизоатӣ, самаранок истифода бурдани нерӯи барқ ва пардохти саривақтии маблағи он,  расидан ба қадри ҳар қатра обҳои поку мусаффои Ватан,  тарбияи ҷавонон дар руҳияи баланди ватандӯстиву худогоҳии миллӣ андешаронӣ намуданд.   

Дар охир занони деҳаи мазкур ҳарчанд аз маркази ноҳия дур бошанд ҳам,  донишу фаҳмиши қазоӣ дошта, аз ин вохӯрии судманд изҳори қаноатмандӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg