БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҲХДТ-раҳнамои мост

А.ҶОМӢ. Тибқи қарор ва дастуру супоришҳо ва ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар мувофиқа бо Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо сокинони деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Дустӣ баргузор гардид.

Вохӯриву суҳбатҳои мазкур бо мақсади фаҳмонидани самтҳои асосии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дар мавзӯъҳои тарғибу татбиқи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ба хотири таъмини солимии ҷомеа, ҷалби ҷавонони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, рушди ҳунарҳои мардумӣ вобаста ба эълон гардидани соли 2018, ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, корҳои хонагӣ, истифодаи самараноки нерӯи барқ ва дуруст сафарбар кардани корҳои хайру сахо вохӯриву суҳбатҳои судманд баргузор гардид.

Мутобиқи қарори маҷлиси муассисон дар маҳаллаи Бӯстони ҷамоати деҳоти Дустӣ ташкилоти ибтидоии ҲХДТ бо номи «Бӯстон-3»  таъсис дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg