БОХТАР. Вохӯрии навбатии гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ рақами 15-и шаҳри Бохтар бо хонандагони ин муассиса доир шуд. Дар вохӯрии мазкур муовини раиси шаҳри Бохтар Қурбонзода Наргис, мудири шуъбаи маорифи шаҳр Шарифзода Ш., мудири бахши кор бо ҷавонони шаҳри Бохтар Рухшонаи Ш., мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Саидов И., ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Баромадкунандагон зимни баромади худ доир ба дастгириҳои давлату ҳукумат аз пешниҳоду ташаббусҳои ҷавонон ёдрас шуда, даъват намуданд, дар фазои орому ваҳдат имрӯз фазои мамлакатамон ҳукмфармо аст, аз пайи омӯзишу донишазхудкунӣ ва дар фикри пешрафту шукуфоии Ватани азизамон бошем.
Муовини раиси шаҳри Бохтар, узви Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, доир ба масъалаҳои даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ибрози назар намуда, таъкид дошт, ки хизмат дар сафи артиши миллӣ мактаби мардонагӣ ва шуҷаотмандӣ ба ҳисоб меравад ва қарзи ҳар як ҷавонмард аст, ки дар назди Ватан Модар қарзи фарзандиашро адо намояд.
Дар бораи иҷрои талаботҳои қонунҳои танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, тарзи дурусти истифодаи телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, вусъати корҳои созандагию ободонӣ ва ғайра Шарифзода Ш., Рухшонаи Шералӣ ва Саидов Иилҳом изҳори ақида карданд.