ХУРОСОН. Дар деҳаи Шар-Шари ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини-раис мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизова Сабоҳат, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Подшоқулов Парвиз ва раиси деҳа Раҳмонов Қутбиддин бо сокинон вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Азизова Сабоҳат оид ба суханрониҳои Пешвои мллат дар вохӯрӣ бо фаъолони кишвар ва семинар-машварати кишоварзони вилояти Хатлон, инчунин самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии ҳизб, нисбати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ суханронӣ намуда, моҳияти масъалаҳои номбурдаро ба ҷамъомадагон фаҳмонид.
Дигар шахсони масъул низ фикру андешаҳои хешро роҷеъ ба масъалаҳои мубрами рӯз баён дошта, ҷамъомадагонро ба корҳои созандагиву ободонии Ватан раҳнамоӣ карданд.
Дар охир масъулин ба иштирокдорон маводҳои таблиғотии ҳизбиро дастрас намуданд.