ШАҲРИТУС. Масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус дар ҷамоати деҳоти Обшорон бо иштироки раис ва кормандони ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳоти Обшорон, раисони деҳаҳо, сарварони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, мудирони бунгоҳҳои саломатӣ ва фаъолони ҳудуди ҷамоати деҳоти мазкур маҷлис баргузор карданд.
Намояндагони ҳизбӣ зимни суҳбат вобаста ба аъзокунӣ ба сафи ҳизб ва рафти “Обуна-2022” ба нашрияи “Минбари халқ”, бо мақсади дастгирии моддиву маънавӣ ва ҳавасманд намудани ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, созандагию ободкорӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тавсеа бахшидани анъанаҳои миллӣ андешаронӣ карда. Ҷамъомадагонро ба амалҳои неку созанда раҳнамоӣ намуданд.