БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ БО ФАЪОЛОН

ЛЕВАКАНТ. Гурӯҳи таблиғотӣ дар Қасри фарҳанги шаҳр бо иштироки раиси шаҳри Левакант Давлатзода Зарина Дилмурод, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Олимзода Низора, муовини раиси шаҳр Саидзода Абдусатор, мудири шуъбаи маорифи шаҳр, сарварони муассисаҳои зертобеъ, собиқадорони соҳаи маориф ва аъзои фаъоли ҳизб вохӯрии судманд баргузор намуданд.

Гурӯҳи корӣ мувофиқи нақша дар масъалаҳои доғи рӯз, аз ҷумла  пешгирии ҳолатҳои таълимоти ғайриқонунии динӣ, риояи Қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", Дар бораи "Стратегияи муқовимат бо экстримизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025", "Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила", солимии репродуктивӣ, аз иммунизатсияи ҳатмӣ гузаштани сокинон, тоза нигоҳ доштани ҷойи зист, пешгирии омилҳои номатлуб, аз қабили никоҳи хешутаборӣ, нашъамандӣ, ҷинояткорӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, хурофотпарастию ифротгароӣ, таҳсили ғайриқонунии ҷавонону наврасон дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонону наврасон ибрози назар карданд.

Давлатзода Зарина раиси шаҳри Левакант дар ин вохӯрӣ доир ба пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ҷавонону наврасон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз баромад намуда, якчанд таҳлилҳои зарурии соҳавиро нисбат ба солҳои пешин оид ба масъалаҳои дар болозикргардида ба самъи ҳамагон расонид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg