ПАНҶ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ ба маҳаллаи Марзбони ҷамоати шаҳраки Панҷ ташриф оварда, ба сокинон бо усули “рӯ ба рӯ” ва “кӯча ба кӯча” суҳбат оид ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус «COVID – 19» баргузор намуда, ба истиқоматкунандагони маҳаллаи мазкур варақаҳои иттилоотӣ, маҳлулҳои антисептикӣ ва ниқобҳои тиббӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии беморӣ тақсим карда шуд. Корҳои фаҳмондадиҳӣи дар ҳудуди маҳаллаҳои ноҳия босуръат идома дорад.