БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУБОРИЗА БО ИФРОТГАРОӢ АЗ ВАЗИФАҲОИ МУҲИМТАРИНИ МОСТ

АНДЕША.  Муқовимат ба ифротгароии динӣ-сиёсӣ ва решакан кардани он дар Тоҷикистон, имрӯз ба зарурати воҷиби таърихӣ табдил ёфтааст ва ба назар чунин мерасад, ки Ҳукумати мо дар ин самт чораҳои хеле зарурӣ ва саривақтӣ андешида истодааст. Албатта, ин бесабаб нест, зеро ифротгароӣ ва ифротишавӣ зуҳуроти хеле хавфнок агарчӣ таблиғгарони он бо баҳонаи дини воқеӣ ва эътиқоди ҳақиқӣ аз номи ислом баромад мекунанд, ҳеҷ мансубияте ба ислом надоранд.

Ба таври дигар, ифротиён ин гурӯҳи тасодуфӣ ва гумроҳшудагоне мебошанд, ки дар аксар ҳолатҳо зери таассуб қарор гирифта, ақидаҳои худро тағйир додаанд ва дониставу нодониста, дар ниҳоят ба гурўҳҳои ифротӣ шомил шудаанд. Гурӯҳҳое, ки экстремистӣ ба ҳисоб рафта, бо шомил шудан ба он, шахси пайвастшуда, дигар имконияти баромадан аз онро гум мекунад ва дар гирдоби ақидаҳои ифротгароёна ғарқ гашта, нобуд мешавад. Гурӯҳе, ки танҳо як дари даромад дорад. Барои он, ки ҷомеа аз ҳадафҳои ашхоси ифротишуда ва гурӯҳҳои ифротии ба ҷомеаи инсонӣ хатарнок огоҳ шавад, бояд алайҳи онҳо на танҳо давлат, балки тамоми аҳолӣ мубориза барад. 

Ҳамчунин ошкор намудани решаҳои таърихи ифротгароӣ дар ҷомеаи исломӣ, муайян намудани ҷойи тамоюли экстремизм дар низоми тамаддуни исломӣ ва ғариисломӣ пешниҳод мешавад. Набояд розӣ шуд, ки «ҳар як мусулмон – ифротист, агарчӣ на ҳар як ифротӣ мусалмон аст». Бояд иқрор кард, ки барои Тоҷикистони муосир мубориза бо ифротгароии динӣ-сиёсӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарини барномаҳои наҷоти миллӣ ба шумор меравад. Зеро гурӯҳҳои ифротиву экстремистӣ на танҳо ба гурӯҳи кӯчаки аҳолӣ, балки ба пояи миллат ва давлат низ зарба хоҳад зад. Исботи инро ҷомеаи ҷаҳонӣ, аллакай дар муборизаҳои ифротгароёни исломӣ дар Сурияву Ироқ ва Афғонистону Покистон диданд ва аз зуҳуроти басо хавфнок будани он огаҳӣ доранд.

 Ғафуров Сайдамир, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg