БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАХРАМ АЗ СОҲИБВАТАНИСТ!

АНДЕША. Ин Ватани зебову  дилоро бо номи Тоҷикистон бароям  хеле азизу муқаддас аст. Мо тоҷикон бояд шукрона аз он намоем, ки чунин Ватан ва чунин Сарвари оқилу ғамхор дорем.

Ман фахр аз он мекунам, ки зодаи даврони Истиқлолам, соҳибватанам ва шукрона аз он мекунам, ки дар фазои озоди сулҳу оромӣ умр ба сар мебарам. Ин ҳама бо ҷонбозиҳо ва заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи тоҷик бадастовардаро бояд чун гавҳараки чашм эҳтиёт намуда, онро ба наслҳои оянда ба мерос гузорем.

Имрӯз, ки ин Ватан рушд мекунад, тараққӣ меёбад, обод мешавад, дар арсаи ҷаҳон мавқеи худро пайдо мекунад, мо бояд фахр аз он  кунем, ки тоҷикем ва  соҳибватем.

Мо соҳибватанон он нафаронеро, ки раҳгум задаанд ва бар Ватану миллати хеш санги маломат мезананд, даъват менамоем, то фирефтаи ваъдаҳои холии ҳаргуна шахсони  ҷудоихоҳ ва гурӯҳҳои тундрав нашаванд ва эҳсоси ватандорӣ, садоқат бар ватанро дар қалби худ эҳсос намояду аз хусумату бадбинӣ дурӣ ҷӯянд.

Дар Ватан будан эҳсоси гуворое дорад, ки инро на ҳар кас дарк менамоянд.

                  Бе  Ватан нест ғарибе, ки кунад ёди Ватан,

               Дар ватан будаи  бе ёди Ватан беватан аст.

Аз ин рӯ мо тоҷикон чӣ дар Ватан ва чӣ берун аз ин марзу буми муқаддас ҳам бошем, биёед дасти ҳамдигар гирему  баҳри ободӣ ва гулгулшукуфоии Ватани азизу маҳбубамон камари ҳиммат бандем.

Мо ҳар гоҳе ки дур аз ин Ватан мешавем, дар мулки бегона ба қадри обу хоку хори он ва меҳри модар дучанд мерасем.  

 Хоҳони онем, ки ҳар як ғарибе, ки берун аз ин Ватан аст, бигзор соқу саломат баргарданду ва барои ободии Ватани азизамон саҳми худро гузорад.

Бигзор Худованд дар ин Ватани биҳиштосоямон ҳамавақт тинҷиву оромӣ  ато намояд, Тоҷикистони азизи мо ҳамеша рушд ёбаду пешқадами замон бошад.

 Ҷовидон Мирзоқулов, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоотии  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg