БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БИГЗОР, НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО ГАРДАД!

АНДЕША. Истиқлолият ин волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик аст, ки 30 сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихи сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омадааст. Ин ҳодисаи фараҳбахш ҳамасола 9-сентябр расман  ҷашн гирифта мешавад.Охири асри бистум ва ибтидои  асри бисту якум давраи  таърихиест, ки дар ҳаёти  халқи  тоҷик  нақши  тақдирсоз  бозидааст. Ин  давраи  таҳкими  Истиқлолият, ривоҷу  пешрафти  илму  техника,  замони  худшиносӣ  ва  инкишофи  ғояи  миллӣ  буда,  барои  ватансозии  мардуми  тоҷик  роҳ  кушод.  Тӯли 30-соли истиқлол дар партави сиёсати инсондӯстонаву бунёдгаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастоварду комёбиҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву иҷтимоӣ мушарраф гардид, ки дар таърихи давлатдории навини тоҷикон бо ҳарфҳои зарин сабт хоҳад шуд. Муҳимтарин дастовард дар даврони истиқлолият ин пеш аз ҳама расидан ба ваҳдат ва оштии миллӣ, таъмини сулҳу оромӣ, аз парокандагӣ раҳо бахшидани якпорчагии марзу буми аҷдодӣ буд. Зеро бе ваҳдату якпорчагӣ бунёди давлати озод, амалӣ сохтани орзуву ормонҳои таърихии миллат ва ҳадафу барномаҳои ояндасоз ғайриимкон буд. Хушбахтона имрӯз ҳамчун саҳифаи тирае аз таърихи начандон дури миллат ёд мешавад. Ба ёд овардани он рӯзҳо ба хотири он аст, ки ҳар кадоми мо, хоса насли наврас дарк намояд, ки Истиқлолияти мо муфт ба даст наомадааст. Ин ормони ҳазорсолаи миллати мо буд, ки бояд барои гиромидошту ҳифзи он ба ҷон бикӯшем. Мо бояд ҳушёр бошем, истиқлолияти хешро қадр намоем. Ба қадри неъмати бузурги соҳибватан ва соҳибдавлат будан бирасем.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд,ки ояндаи Тоҷикистон дурахшон аст ва мо якҷо бо халқи азизамон ва миллати фарҳангсолору тамаддунсозамон заҳмат кашида, Ватани маҳбуби аҷдодиамонро ободу зебо гардонида, обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем. Бинобар ин онро чун гавҳараки чашм ҳифзу ҳимоят кардан вазифаи ҳар шахси ватандӯст мебошад.

Мусоев Хуршед, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg