ФАРХОР. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади баргузории корҳои тарғиботӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавируси COVID-19, истифодабарии мақсадноки нерӯи барқ ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ дар доираи Аксияи ҳизбӣ бо усули «хона ба хона» дар ҳудуди маҳаллаҳои ноҳия гардиш доир намуданд.
Кормандони ҳизбӣ дар ин рӯз бо зиёда аз 350 нафар сардорони оилаҳо суҳбат намуда, ба онҳо маводҳои таблиғотӣ оид ба масъалаҳои болозикр ва ниқобҳои муҳофизатӣ тақсим намуданд. Ҳамзамон аз онҳо даъват ба амал оварда шуд, ки дар аксияву ҳашарҳои ободонӣ фаъолона ширкат варзида, саҳми ҳудро дар ободии диёри азизамон гузоранд.