ПАНҶ. Дар бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Панҷ чорабинӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки аъзо ва фаъолони ҳизб вохӯрӣ барпо гардид.
Дар чорабинӣ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Фарҳангчиён» Бухоров Шоҳназар ҳозиринро ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, аъзо ва фаъолони ҳизбро бо Сипоснома ва туҳфаҳо сарфароз гардонид.