БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЧАРО ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ НИСБАТИ ҚАЗИЯИ АФҒОНИСТОН БЕТАРАФАНД?

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

 

АНДЕША.  Агар чунин бошад чаро диламон ба занон ба модарон, хоҳарону кӯдакон ва ба мардуми бегуноҳе, ки қурбонии ҷанги хонумонсӯзи давлати ба мо дӯсту ҳамсоя Афғонистон насӯзад?

Воқеаҳое, ки вақтҳои охир дар Афғонистон рух дода истодааст, фикр мекунам мардуми тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Ба воситаи ахбори омма ба хусус аз тариқи шабакаҳои интернетӣ мебинем, ки чи қадар мардуми бегуноҳ дар зери шиканҷаву азобанд,ҳуқуқҳои онҳоро Толибони ба ном мусалмон, вале аз Худо бехар поймол карда истодаанд. Онҳое , ки пулу мол ва сарват доранд барвақт худро аз сели ҷанг гурезониданд, вале вой бар ҳоли мардуми оддии  азияткашида.

Тақдири занону духтарони афғон чи мешуда бошад? Суоле , ки шояд ҷавоби он номуайян бошад, ҳамеша азобамон медиҳад, вале бозҳам ба ояндаи хубу дурахшони онҳо умедворем.

Мавқеи занонро дар ҷомеае , ки Толибон месозанд чи гуна баҳо медиҳед? Чунин буд суоле, ки рӯзноманигор ба яке аз роҳбарони Толибон дод. Ӯ чунин ҷавоб гуфт : " Зан бояд хонашин бошад"

Яъне, зан ғулом , зан каниз ва фаранҷипӯш.

Ман сиёсатмадор нестам, вале фикр мекунам зани тоҷик ҳамеша озод аст. Дар зери хушунату зӯроварӣ қарор надорад, дар ҷомеаи демократӣ мавқеи хосса дошта, фикри худро озодона баён карда метавонад ва хушу хурсандона дар иҳотаи оила зиндагӣ мекунад.

Бигзор занону духтарони Афғон ба мисли мо занону бонувони тоҷик бошанд. Мо ҳамеша хоҳони хушбахтӣ, тинҷиву осудагии инсонҳоем.

Бигзор сулҳ дар тамоми ҷаҳон танинандоз бошад.

Давлатова Мавлуда, мудири шуъбаи  кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg