БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРГУЗОРИИ МАРҲИЛАИ СЕЮМИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ ОИД БА ФУТБОЛИ ХУРД ДАР КӮЛОБ

КӮЛОБ. Дар боғи фарҳангӣ – фароғатии шаҳри Кӯлоб дар асоси дастури Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ  бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон даври сеюми мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” миёни дастаҳои футболи ғайрикасбии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон оғоз гардид.

Дар маросими кушодашавии мусобиқаи мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралаён Қиёмидин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Гулрухсор Шарифзода, муовини раиси шаҳри Кӯлоб  Ҳамидиён Орзу, раисони Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр ва ноҳияҳои вилояти Хатлон ва дигар нафарони расмӣ иштирок намуданд.

Аз ҷониби масъулин зикр гардид, ки мусобиқаи мазкур бахшида ба 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби шаҳрвандони кишвар ба машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ ва тарғибу ташвиқи футбол миёни аҳолии кишвар роҳандозӣ гардида, дар вилояти Хатлон дар сатҳи баланд баргузор шуда истодааст.

Баъди анҷоми маросими кушодашавӣ тибқи тақвими қуракашӣ дастаҳои  “Муъминобод” - и ноҳияи Муъминобод ва “Фархор”-и ноҳияи Фархор  бо ҳам сабқат намуда, дар натиҷа бозӣ ба ҳисоби 9 бар 4 ба фоидаи дастаи “Муъминобод” ба анҷом расид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg