БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАБОНДОНӢ БА ВОЛОӢ РАСОНАД....

АНДЕША. Чи хеле, ки ҳамаи мо хуб медонем забон воситаи муошират ва гуфтугӯӣ байни одамон мебошад. Донистани ин ё он забон ба кас имконият медиҳад, ки аз бурду бохт, имконияту вазъият ва камбудию талаботҳои рӯзмарраи ҳаёт огаҳ гардад. Донистани забони ғайр ин донистани воқеияти дигаргуниҳои олам аст. Барои омӯхтани забони дигар мо бояд, пеш аз ҳама забони модарии хешро ба хубӣ донем. Зеро бунёди забони модариамон ба осонӣ ба даст наомадааст. Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи мақому манзалати забони модарӣ чунин гуфтаанд:
 “Миллате, ки арзишҳои миллии хешро қадр карда наметавонад, қиммату арзиши забони миллати ғайрро низ эътироф наметавонад кард”. Аз ин рӯ бисёр мебояд ҷаҳд намуд, ки забони миллати хешро ба пуррагӣ аз худ кард.    

Дар қатори омӯхтани забони миллати хеш омӯхтани забонҳои дигар низ бе манфиат нахоҳад буд. Ҳангоме, ки шахс забонҳои хориҷиро хуб медонад аз дарду доғ ва бурду бохти ин миллат чизе меомӯзад. Рӯзномаву маҷалла ва ахбори он миллатро ба хубӣ аз худ мекунад. Ё худ ҳангоми мусофират ё сафар ба монеаву душвориҳо рӯ ба рӯ намегардад. Озодона дар муомила бошад  худро осудаву бофароғат эҳсос менамояд.

Хулоса, забондонӣ – ҷаҳондонист, бузургист, сарбаландист, ифтихор аст, ки дар ҳама гуна лаҳзаҳои ҳаёт чи ғаму дард ва чи хушию шодмонӣ инсонро ёвару мададгор, дилбардору эҳсосгар аст. Бале шахсан худи ман ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ рағбату шавқи зиёд дорам ва хушбахтона бо чор забони хориҷӣ озодона метавонам гуфтугӯ намоям. Айни замон ба омӯхтани панҷумин забони хориҷи кӯшиш намуда истодаам. Хоҳ бовар кунед ё накунед омӯхтани забонҳои ғайр ба ман ҳаловат мебахшад. Ба ҷавонон гуфтаниям, ки забон биёмӯзанд чун илм дар ҷавонӣ ин нақш бар санг аст. Ин имкониятҳое, ки имрӯз Пешвои муаззами миллат ба мову шумо  муҳайё намудааст аз даст надода, бояд самаранок истифода намоем. Донистани забони ғайр миллатро ба бузургӣ, фардро ба воломақомӣ ва давлатро ба пешравию муваффақият ноил мегардонад. Забондонӣ дар ягон давру замон падидаи номатлуб нахоҳад буд. 

Забондонӣ ба волоӣ расонад,
Зи гумроҳхию нодонӣ раҳонад.
Касе к-у беш омӯузад забоне,
Расидан бар муроди дил тавонад.

Мирзоева Гулрухсор, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg