БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БОЗДИД АЗ МЕҲМОНХОНАИ “САЙЁҲОН”

ВОСЕЪ. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин ҷиҳати дар сатҳи баланд ба истифода додани иншооти ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Восеъ ташриф оварданд. Дар ин сафар аз анҷоми сохтмони Меҳмонхонаи  “Сайёҳон”, ки дар Ҷамоати деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ воқеъ мебошад, дидан намуд. Ҳангоми боздид аз меҳмонхонаи мазкур  Миралиён Қиёмиддинро, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Разоқ, масъулони ҳизбӣ ва раиси Ҷамоати деҳоти мазкур Неъматзода Ибодулло, Кабиров Авазхон вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон  ҳамроҳӣ карданд.

Бояд қайд намоем, ки меҳмонхона аз 4 ошёна иборат буда, бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир омода карда шудааст. Саҳни меҳмонхона бо дарахтони ҳамешасабзу  гулҳои зебо, ҳунарҳои кандакорӣ, пайкараҳо бо либоси миллӣ оро дода шудааст.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ҷиҳати омодагии ҷидии иншоот ва тибқи тартиб ҷобаҷогузории утоқҳо ба масъулин  дастурҳои муфид дода, ба соҳибкор барои чунин саҳмгузориашон  дар ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg