БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фарҳанг ҳастии миллат аст

ҲАМАДОНӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шарифзода Сафаралӣ ва Фирӯз Пиров бо аъзои ташкилоти ибтидоии бахши фарҳанги ноҳия вохӯрӣ гузарониданд.

Зимни вохӯрӣ Сафаралӣ Шарифзода дар бораи тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирӣ аз майли бегонапарастӣ миёни ҷавонону занон ва пешгирӣ аз гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгаро, инчунин дар бораи соли 2018 эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, пешниҳод намудани барномаҳои пурмазмуни фарҳангӣ бо ҷамъомадагон суҳбат намуданд.

Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо тарзи ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоии бахши фарҳанг шинос шуда, ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои методӣ  доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg