ФАРХОР. Масъулони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор ва раиси кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Назаров Алиҷон бо хонандагони синфҳои 10 ва 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и деҳаи Марғзори ҷамоати деҳоти Ғалаба вохӯрӣ доир намуданд.
Дар мулоқот масъулин ҷиҳати тарбияи насли ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва илмомӯзӣ, ба ҷо овардани ҳурмату эҳтироми падару модар ва бузургсолон, қавӣ кардани мафкураи хонандагон оид ба хатарҳои терроризму ифротгароӣ ва роҳҳои пешгирии ҷавонон аз гаравидани ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва истифодаи дурусти интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ва интихоби дурусти касб суханронӣ намуданд.