БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОНРО БОЯД ДАР САМТИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ТАРБИЯ НАМУД

БОХТАР. Дар Литсейи давлатии №1-и шаҳри Бохтар вохӯрии навбатии гурӯҳи таблиғотӣ аз ҳисоби фаъолони ҲХДТ бо ҷавонон доир шуд. Мақсад аз вохӯрии мазкур пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомил шудан ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва дар ниҳоди онҳо ҷой намудани ҳисси баланди ватандӯстӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, коҳиш додани ҷинояту ҷинояткорӣ миёни сокинон, риояи талаботи қонунҳо ва муҳокимаи авзои сиёсии ҷаҳон буд.

Дар ин мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар Абдуназарзода Шоиста, мудири бахши кор бо ҷавонони шаҳри Бохтар Рухшона Шералӣ, собиқидори меҳнат Назарова Тутинисо, намояндагони Раёсати КДАМ дар вилояти Хатон, ШВКД дар шаҳр, шуъбаи маориф, МИМҲД шаҳри Бохтар иштирок доштанд.

Дар назди ҳозирин баромадкунандагон фикру ақидаҳои худро доир ба мавзӯъҳои муҳими ҷомеа иброз дошта,  қайд карданд, ки имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ба амнияти ҳар як сокини сайёра хатари на камтар аз силоҳи ҳастаиро дорад.

Дар ҳакикат дар Шарқи Наздик, Африқои Шимолӣ ва як қатор кишварҳои Аврупо терроризм ва экстремизм ба хатари аввалиндараҷа табдил ёфта, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш андохтааст. Зуҳуроти номатлуби тундгароӣ, ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ дар маъмуриятҳои фикрӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ реша давонда, қишрҳои камфаъоли иҷтимоӣ ба ин гурӯҳҳо шомил мегарданд.

Дар замири ҷавонон бедор намудани ҳисси бадбинӣ нисбат ба ин падидаҳо яке аз вазифаҳои асосии шаҳрвандон ва махсусан калонсолон мебошад.  Дар охир ҷавонон фикру ақидаҳои худро вобаста ба мавзӯъ иброз доштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg