БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САРЧАШМАИ ПАЙДОИШИ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ ДАР ТОҶИКИСТОН ИН ҲНИ АСТ

ВОКУНИШ. Ба таври ғайриинтизорӣ сиёсикунонии дин яке аз масъалаҳои сарбастаи низоми сиёсӣ дар кишварҳои Шарқӣ мусалмонӣ гардидааст. Ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти динӣ одатан низоми давлатдории миллиро хилофи дини ислом ва омили асосии паст задани дин дар ҷомеа меҳисобанд. Хушбахтона имрӯз дар байни сокинони асосии кишвари мо ба ин тамоюлҳо баҳои дурусти худро медиҳанд.  Зеро   дар бораи  давлату давлатдорӣ ва дин мардуми мо назари худро доранд ва чунин мешуморанд ки фақат давлати дунявию демократӣ метавонад динро тараққӣ дода,  роҳҳои дурусти онро пешаи мардум гардонад.

Дар баробари ҳамаи ин аққалиятҳое низ вуҷуд доранд, ки низоми давлатдории дунявӣ демократиро монеаи асосии пешрафти дину мазҳаб медонанд, ки ин ақида маҳз хато ба шумор меравад. Ба ин мисол шуда метавонад фаъолияти Ҳизби  мамнуъи наҳзати исломӣ.

ҲНИ 26 октябри соли 1991 ташкил ёфт. Мутаассифона дар тассавури баъзе афроди ҷомеа, ақидаҳои нодурусти динӣ ҷой доранд, ки онҳоро ба гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил мегардонад ва ақидаҳои носолими динии худро мехоҳанд, ки дар ҷомеаи демократии дунявӣ амалӣ созанд. Мехоҳанд, ки ҷаҳон мувофиқи хости онҳо шакл бигирад. Бештари ин гуна афроди ҷомеа дар гузашта дузду ҷинояткор будаанд ё нашъамандӣ кардаанд.          

Гурӯҳҳои бадрафтор ва террористӣ барои ноил шудан ба нақшаҳои худ аз дин моҳирона истифода мебаранд ба монанди собиқ роҳбари ҲНИ. Вале ин падидаи бад на танҳо пайванди худро ба манзилҳои харобкардаи худ канданӣ нест, балки монанди тори анкабуд нияти реша давондан дар тамоми оламро пешаи худ кардааст. Ҳамаи намудҳои фаъолияти ҲНИ-ро ба назар гирифта 22-декабри соли 2015 бо Қарори Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизб дар ҳудуди ҷумхурӣ қатъ гардонида шуд. Вазъияти ногувори амният дар ҷаҳон фаъолияти гурӯҳи ифротгароию террористӣ тақозо менамояд, ки мо сади роҳи амалӣ шудани ниятҳои онҳо шавем ва ҳамеша дар корҳои ободонию созандагӣ ва рушди устувори иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳми худро гузорем.

Ишмуродов Ҳ.Ш., мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон                                       

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg