БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРҒИБОТ БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ФАРХОР. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади тарғибу ташвиқи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Фархор бо усули “хона ба хона” корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд.

Зимни суҳбат бо сардорони оилаҳо оид ба аҳамияти сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ ва истифодаи мақсадноки заминҳои наздиҳавлигӣ суҳбат намуда, ба онҳо варақаҳои тарғиботӣ тақсим намуданд. Ҳамзамон, аз корҳои анҷомдодаи сокинон дар заминҳои наздиҳавлигиашон дидан намуда, бо онҳо оид ба ҳарчи зудтар ба роҳ монда кишти такрорӣ ва захираи маводи ғизоӣ суҳбат карданд.

Дар идомаи корҳои фаҳмонидадиҳӣ масъулин бо аҳолӣ оид ба пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ махсусан коронавирус суҳбат намуда, ба онҳо ниқобҳои муҳофизатӣ тақсим намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg