БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВОЛОТАРИН ВА ПУРАРЗИШТАРИН ДАСТОВАРДИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

АНДЕША. Имсол аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ шуд. Тайи ин солҳо асосҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пойдор гардида, самтҳои сиёсати иқтисодию иҷтимоӣ, роҳу равиши робитаҳои хориҷӣ вусъат ёфт, ҳуввияти миллӣ, эҳсоси худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ боло рафт, озодии виҷдон ва фаъолияти созмону ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар доираи қонун ба низом даромад. Дар тафаккури ҷомеа дигаргунии куллӣ падид омад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни як суханронӣ бахшида ба ҷашни Истиқлоляти давлатӣ изҳор намуданд: «Таърих гувоҳ аст, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо ойини давлату давлатдории тоҷикон сахтиҳои хорошикани таназзулу эҳё шуданро борҳо аз сар гузаронда, аз дунболи ҳар шикасту инқироз, боз эҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст. Ин рисолати таърихиро, ки дар раванди давлатдории ҷаҳон назир надорад, метавон рисолати давлатдории тоҷикон номид».
Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ба шумор рафта, маҳз ҳамин неъмати бебаҳо ба бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд асос гузошт. Имрӯз шукри он мекунем, ки сулҳу амният дар мамлакат пойдор аст, ваҳдати миллӣ ва фазои боварию эътимоди кулли шаҳрвандони Тоҷикистон то рафт таҳким ёфта, ҳисси худшиносӣ, ватандӯстӣ ва ифтихори миллии мардум боло меравад.

Давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ аз нахустин рӯзҳои барқарор гардидани ҳокимияти конститутсионӣ дар баробари ҷахду талоши зиёд баҳри ба эътидол овардани вазъи сиёсиву иҷтимоии мамлакат ба масълаи баргардондани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан, бо манзил ва ҷойи кор таъмин намудани онҳо ва ҳифзи иҷтимоии бозгаштагон аҳамияти аввалиндараҷа медод.

Дар натиҷа, бо кумаку дастгирии созмонҳои байналмилалӣ тамоми гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ аз Афғонистону Покистон ва кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Ватан баргардонда шуданд.

Таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва аксари кишварҳои ҷаҳон ҳамчун таҷрибаи нодир пазируфта шуд. Ин таҷриба нишон дод, ки агар тарафҳои даргир барои ҳалли масоили низоъҳои дохилӣ манфиатҳои олии Ватану миллатро ба мадди аввал гузоранд, монеаҳо дар роҳи ҳамдигарфаҳмӣ ба зудӣ аз байн мераванд.
Ниҳоли сулҳе, ки бо дастгирии халқ ва талошҳои пайгиронаи фарзандони бо шарафу фидоии миллат шинонда шуд, сабзид, реша
давонд ва чун дарахти тавонои ваҳдату дӯстӣ ба камол расид. Ба шарофати сулҳу ваҳдат ва осоиши кишвар мо ба марҳилаи нави зиндагӣ - марҳилаи созандагию бунёдкорӣ қадам гузоштем. Халқи тоҷик, ки табиатан миллати созандаву бунёдкор, оромтабиату нексиришт, меҳнатдӯст аст ва дар сиришти аҷдодии ӯ забткорию ҷангҷӯӣ аслан набуда, аз шарофати истиқлолият ба ниҳодани пойдевори давлатдории миллӣ ва бунёди иморати муҳташами ҷомеаи навин камар баст.

Хиради азалӣ ваҳувияти миллӣ ба мо эътимод мебахшад, ки бороҳи пешгирифтаи худ, яъне барпо кардани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистони соҳибистиқлол, пеш рафта, орзуву омоли чандинасраи хешро амалӣ гардонем.

 Ғафуров Сайдамир, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg