БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ СУДМАНД БО ХОНАНДАГОНИ ЛИТСЕЙИ ДАВЛАТИИ №1-И ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ

ЛЕВАКАНТ. Дар Литсейи давлатии №1-и шаҳри Левакант бо иштироки раиси шаҳр Давлатзода Зарина Дилмурод, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Олимзода Низора, муовини сардори ШВКД дар шаҳри Левакант подполковники милитсия Зарифӣ Зафарҷон Сафарммуҳамад бо хонандагони синфҳои болоӣ суҳбату вохӯрӣ доир гардид.

Давлатзода Зарина дар ин вохӯрӣ доир ба масъалаҳои марбут ба таълиму тарбияи хонандагон, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, риояи қоидаҳои пешгирӣ аз бемори КОВИД-19 аз ҷониби хонандагон ва дигар масъалаҳои доғи рӯз суханронӣ намуда, иброз дошт, ки ҳангоми дарс омӯзгорон бояд ба шогирдони худ аҳаммият ва нақши сулҳу ваҳдати миллиро барои суботи ҷомеа, рушди муназзаму муътадили кишвар ва пойдориву устувории давлат шарҳ диҳанд ва наврасону ҷавононро дар рӯҳияи сулҳдӯстиву сулҳпарварӣ тарбия намоянд.

Олимзода Низора зимни суханронӣ қайд намуд, ки мо бояд ба қадри соҳибихтиёрӣ ва давлатдории мустақилона бирасем, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, эҳсоси ватандориву ватанпарастӣ, бедории сиёсию маънавӣ, ифтихори миллӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва рамзҳои давлатӣ ҳама дар маҷмуъ моро ба сӯи бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ, пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва татбиқи нақшаву ҳадафҳои стратегӣ мебаранд. Мо бояд ҳамеша саъю талош варзем, ки сарзаминамон, таърихамон ва муқаддасоти халқу давлатамонро аз ҳама гуна таҳдидҳои ҷаҳони муосир эмин нигоҳ дорем. Лозим аст, ки дар рафти вохӯриҳо бо қишрҳои мухталифи ҷомеа сиёсати давлату ҳукумати мамлакатро дар ҳама самтҳо шарҳу тавзеҳ дода тавонем. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg