ПАНҶ. Дирӯз кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ ба маҳаллаи 50-солагии Қушунҳои сарҳадии ҷамоати шаҳраки Панҷ ташриф оварда, бо сокинон бо усули “кӯча ба кӯча” ва “рӯ ба рӯ” оид ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус «COVID – 19» суҳбат карданд. Ҳангоми суҳбат ба истиқоматкунандагони маҳаллаи мазкур варақаҳои иттилоотӣ, маҳлулҳои антисептикӣ ва ниқобҳои тиббӣ барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус дастрас намуданд. Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҳудуди ноҳия босуръат идома дорад.