БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Густариши фаъолияти ҳизб дар маҳал ва тадбиқи самтҳои асосии фаъолияти он

ПАНҶ. Бо мақсади тарғибу ташвиқи сиёсати созандаи ҳизб ва шарҳу тавзеҳи самтҳои афзалиятноки фаъолияти  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҳамзамон тақвияти робитаи ҳизб бо маҳал  ва дар ин росто таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар маҳаллаи Қумсойи ҷамоати деҳоти “Намуна”  бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб Файзиев Каримҷон, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот, Шомаҳмадзода Музафар, мудири шуъбаи занон ва ҷавонон Атавуллоева Зебинисо бо сокинон ва фаъолон  вохӯрии судманд доир гардид, ки дар он як қатор масъалаҳои мубрами рӯз  мавриди барраси қарор гирифтанд.

Масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар  баромадашон оиди самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҳизб ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, аз ҷумла зикр намуданд, ки вазъи чаҳони муосир моро ҳушдор медиҳад, ки ҳамеша ҳушёру зирак бошем, чунки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ин замон хеле душвору пуртаззод аст. Вобаста ба таҳдидҳои асри нав, терорризму экстремизм  суханронӣ шуда, қайд шуд, ки яке аз ин таззодҳое, ки ҷаҳони имрӯзаро  ба ташвиш овардааст, гурӯҳҳои ифротагаро, терроризму экстремизм мебошад.

Баъдан,  даъват ба амал оварда шуд, ки ба қадри сулҳу суботи кишвар бирасем ва зиракии сиёсиро аз даст надода, сатҳи маърифати ҷавононро баланд бардошта, дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, ватандӯстӣ ва истифодаи дурусти технологияи муосири иттилоотӣ тарбия  намоем.

Ҳамчунин, қабул ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, таъсиси ташкилоти нави ибтидоии ҳизбӣ ва интихоби раиси он  баррасӣ гардид.

Дар охир, якчанд нафар сокинони маҳаллаи Қумсой ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардида, ташкилоти ибтидоӣ бо номи “Регистон” таъсис дода шуд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg