БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ТОҶИКОН ҲЕҶ НИЁЗ БА ФАРҲАНГУ ЛИБОСИ БЕГОНА НАДОРЕМ

АНДЕША.  Либоси миллӣ яке аз қисматҳои асосии фарҳанг ба шумор меравад. Мо тоҷиконро ҷаҳониён ба воситаи фарҳанги бою ғаниамон ва ҷузъиётҳои он мешиносанд. Либоси миллӣ низ ҷузъе аз фарҳанги миллии мост, ки он таърихи дарозои ташаккули худро доро аст. Бо гузашти солҳо имрӯз шаҳомату зебогии либосҳои миллии тоҷикон сарҳаднопазир гардидааст.

Аз ҳама шодиовар он аст, ки бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созмони Миллали Муттаҳид чакани тоҷикро аз зумраи ёдгориҳои беназири фарҳангии ҷаҳонгир эътироф кард.

Вақте сухан аз либоси миллӣ меравад, симои зан-модари тоҷик бо сару либоси хоссаву зебои хеш, пеши назар меояд.

Ташвишовар аст, ки солҳои охир занону духтарони мо ба бар кардани рӯсарӣ ва либосҳои ба мо бегонаро пеш гирифтанд. Хусусан дар тақлид ба шакли либоспӯшии занони Эрону Туркия, ки ба бозорҳои мо ворид шуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин масъала зимни як суханронии хеш бахшида ба Рӯзи Модар чунин таъкид карда буданд: “Вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ба як раванди ташвишовар табдил ёфтааст. Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сарулибос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад.”

Ба ҳама маълум аст, ки дар Тоҷикистон атласу адраси чашмрабои мардуми Суғд, гулбасту куртачаканҳои дилкаши ҳунармандони Хатлон, гулдӯзиҳои нотакрори чеварони минтақаи Рашт, алочаву шоҳии чирадастони водии Ҳисор, рангҳои пурҷилои куртаву тоқӣ ва ҷӯробҳои зебои занҳои ҳунарпарасти Бадахшон хеле овозадор буда, либоси миллии мо маҳз бо ҳамин рангу ҷилоҳои минтақаҳои кишвари мо дар ҷаҳон муаррифӣ гардидааст.

Хулоса, имрӯз ҳар яки мо занону духтаронро зарур аст, ки барои пос доштани либоси миллӣ ва ба насли оянда мерос гузоштани он саҳмгузор бошем ва нагузорем, ки либоси ҳеҷ як миллати бегона ба фарҳанги пурғановати мо воридшуда, боиси аз байн рафтани либоси зебои мо тоҷикон гардад.

Мирзоева Гулрухсор, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg